Главная > Навидҳо > Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси энергетикии Олмон (DENA)

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси энергетикии Олмон (DENA)


3-11-2015, 11:06.
- 30 октябри соли ҷорӣ дар бинои Агентии энергетикии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Агентии энергетикии Олмон (DENA) Андреас Кулманн ва раиси ширкати олмонии „DPU Investment GmbH“ Петер Урбан доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нақшаи ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергетика ва лоиҳаҳои ин бахш баррасӣ гардида, дипломати тоҷик оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва самаранокии истифодаи он, масъалаҳои таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузориҳои Олмон дар бахши энергетикии кишвар, махсусан татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи дигар манбаъҳои неруи таҷдидшаванда сухан гуфт. Ҷонибҳо дар атрофи зарурати пайгирии муштараки масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин бахш табодули назар карданд.

Вернуться назад