Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ

Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ


24-11-2022, 17:10.
Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣИмрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, роҳбарон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои зертобеъи Кумита иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Садри маҷлис муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон Раҳим сарраввал аҳли толорро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, орзу намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ
Зимни суханронӣ Каримзода А.Р. зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ ва нишонаи асосии давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон шинохта шудааст, бо талош ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул карда шудааст.
Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ
Ҷашни Парчам, ки хамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Пешвои сулҳофари миллат, меъмори ваҳдат, Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд намудаанд: «Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳақиқат, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ
-Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва таҷассумгари дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад, -гуфт дар суханронии худ Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ. -Парчам баёнгари давлатдорӣ, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Парчами миллӣ - рамзи ҳуввияти миллӣ
Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Н.Р. ба як қатор кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва ба панҷ нафар аъзоёни нави ҳизб дафтарчаҳои ҳизбиро супурд.

Хабарнигори "РБ"
Вернуться назад