Главная > Навидҳо > Роғун: чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни Сарқонун

Роғун: чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни Сарқонун


3-11-2015, 11:05.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Ба истиқболи 21-солагии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун маҷлисҳои тантанавӣ, конфронсҳо ва хонишҳои бадеӣ гузаронида шуданд.
Инчунин дар қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллӣ, Коллеҷи муҳандисию техникӣ, Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Роғун конфронсҳои илмию адабӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва омӯзгорону донишҷӯён дар мавриди ҷашни Конститутсия маърӯзаҳо карданд.

Вернуться назад