Главная > Навидҳо > Арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарўзаи Пешвои миллат

Арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарўзаи Пешвои миллат


16-11-2022, 16:03.
16 –уми ноябр дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баротов Исроил Иброҳимович, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, муҳтарам Раҳмониён Давлат, инчунин роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои зертобеъи Кумита иштирок намуданд.
Арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи  Пешвои миллат

Пас аз садо додани суруди миллӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла гуфт:
-Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳар сол 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар ҳаёти миллати тоҷик санаи тақдирсоз ва фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад. 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз дар кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз ин ҷиҳат эълон гардидани 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» амри бисёр воқеист.
Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мо низ арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, - гуфт Каримзода А.Р.
Таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад ҳамчун арзиш, намуна ва каҳрамон боқӣ мемонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбароне мебошанд, ки шахсияти сиёсии он кас дар ҳар лаҳзаю ҳар қадам пеши назари мардум шакл гирифта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст ва заҳматҳои ҳамарӯзаашон дар дидаи халқ ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд.
Ин хидматҳо махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, баргардонидани гурезаҳо, таъмини ваҳдати комили миллӣ, пешравии бесобиқа дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва садҳо амалҳои наҷиб басо назаррас ҳастанд.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон буданд. Ба даст овардани сулҳу субот, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва барои ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкаме гузошт, ки ин ҳама аз хирадмандиву ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.
Арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи  Пешвои миллат

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи нақшаҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат надорад.
Дар гузаштаи наздик шоҳиди он будем, ки ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддасамон – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва сохта ба истифода супоридани иншооти таъиноташон гуногун бомаром амалӣ гардид (зиёда аз 24000 иншоот), ки дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат заминаи воқеӣ гашт.
Таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои муҳиму назаррас ба чашм мерасанд.
Дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат барои рушду тараққиёти кишвар тамоми имкону захираҳоро сафарбар кардаанд, то ин ки тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ пешрафти Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Президенти кишвари мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд ва мо бо он кас ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Каримзода А.Р. маърӯзаи худро бо рӯҳбаландӣ аз суханҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонд: “Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати содиқона ва ташаббусҳои ватандӯстонаашон, ки боиси рушди соҳаҳои саноату сохтмон, ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изҳори миннатдорӣ менамоям”.
Арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи  Пешвои миллат

Муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баротов Исроил Иброҳимович дар сухнронии худ қайд намуд, ки азму талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати дарҳои боз, ҳамчун як консепсияи амалгароёна ва сулҳомез натиҷаҳои назаррас дода, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт.
Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат карда истодааст.
Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.
Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар пеш гирифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад.
Сипас, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раҳмониён Давлат ба сухан баромада, таъкид намуд, ки дар сию як соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фарҳангу маориф низ ба таври бесобиқа рушду густариш ёфт. Ҳазорҳо муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун бунёд гардид. Донишкадаву донишгоҳҳову филиалҳои онҳо дар минтақаҳо таъсис дода шуд. Дар аксари марказҳои шаҳру навоҳӣ қасрҳои фарҳанг сохта шуданд. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое чун Россия, Чин, Қатар, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон, Белорус, Узбекистон, Озарбойҷон ва қароргоҳи Юнеско дар шаҳри Порис баргузор гардида, ҳунари волои овозхонию рақси тоҷик муаррифӣ гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ аз чаҳорчӯби маҳдудияти ҳафтодсола раҳо ёфт. Бо назардошти вазъи ҳукмфармо зарурати аз нав қабл гардидани Қонуни забон ба миён омад. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад. Маҳз бо супориши онҳо корбарӣ дар тамоми муассисаҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Барои рушду густариши он заминаи мусоид фароҳам омада, барои ба низом даровардани корбурди калимоту истилоҳот ва тадриҷан ба забони илм табдил додани сохтори нав — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати густариши ҳарчи бештари забони тоҷикӣ ду дафъа барномаи давлатӣ қабул гардид. Дар ин давра бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихамон ҳазорҳо номи маҳалу мавзеъ ба тоҷикӣ номгузорӣ шуданд. Барои гиромидошти хидмати бузурги абармардони миллат солгарди мелоди онҳо бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ диду нигоҳ ба таърихи гузаштагонамон, суннат расму анаъаноти аз онҳо ба мо меросмонда, дигар гардида, ҷашнҳои миллии мо ба мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон ва дар қатори онҳо даҳҳо номгӯйи санъати дастии мо аз сари нав эҳё гардиданд.
Имрӯз ҳамагон бояд ба қадри ҷонбозиҳои Сарвари давлат, талошҳои бесобиқа ва беназирашон барои имрӯзу фардои давлатдории миллӣ, ҳифзи миллат, шоиста нигоҳ доштани ҷомеае, ки нишони барҷастаи он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии таърихист, бирасанд.
Каримзода А.Р дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ изҳор намуд, ки мо аҳли кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат бояд ба боварии Сарвари давлат сазовор бошем ва тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти соҳа равон намуда, барои муҳайё кардани шароити мусоиди кор ва зиндагии сокинони мамлакат самҳи арзандаи худро гузорем.
“РБ”
Вернуться назад