Главная > Навидҳо / Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич майдони болопӯшидаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич майдони болопӯшидаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд


14-11-2022, 09:35.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич майдони болопӯшидаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор додандДар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан соҳибкори маҳаллӣ Хироҷидддин Сайфиддинов иншооти варзишӣ бунёд намудааст.

Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуда, асосан барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти варзишӣ 10 нафар сокинони деҳаи Ҳазорчашма бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми ватандӯстонаи соҳибкор баҳои баланд дода, зарур шумориданд, ки минбаъд дар деҳоти ноҳияи Деваштич чунин иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдонҳои варзишӣ мавриди истифода қарор дода шаванд. Зеро варзиш яке аз василаҳое мебошад, ки дар баробари солим нигоҳ доштани ҷомеа давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд қариб 1200 оила зиндагӣ мекунанд. Минбаъд кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин деҳа дар майдони навбунёд ба варзиш машғул шуда, дар баробарии солим нигоҳ доштани худ малакаи варзишиашонро баланд мебардоранд.

Ба наврасону ҷавонони варзишдӯст туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либос ва лавозимоти варзишӣ тақдим гардиданд. Ҷавонону наврасон ваъда доданд, ки минбаъд дар вақтҳои холӣ дар ин майдони варзишӣ ба бозии футбол ва тарбияи бадан машғул мешаванд.

Дар ноҳияи Деваштич 1 мактаби варзишӣ ва беш аз 110 иншооти варзишӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 20 нафар мураббӣ 440 нафар наврасону ҷавононро машқу тамрин медиҳанд. Дар ноҳия ба рушди футбол, волейбол, каратэ, гӯштин, шашкаву шоҳмот, ушу ва дигар намудҳои варзиш таваҷҷуҳ равона шудааст.


Вернуться назад