Главная > Навидҳо > ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ-ПАЁМЕ АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Дар шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ-ПАЁМЕ АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Дар шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир шуд


13-11-2022, 10:27.
ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ-ПАЁМЕ АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Дар шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир шуд10 ноябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба шарафи 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Дар ҳамоиши идона Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуров, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, собиқ роҳбари корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фулузии ноҳия, аъзои зеркомиссия дар Комиссияи оштии миллӣ Абдуманнон Абдуразоқов, собиқ сардори БДА-и ШКД-и комиҷроияи ноҳияи Ҳисор ва сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав Абдувоҳид Мирзоев, собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Халил Мирзоев, собиқ ҷонишини раиси колхози «Ватан» Шариф Яъқубов ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам — аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри бахтовари Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, воқеан барои давлату миллати тоҷик муҳиму таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб шуд. Маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки яхбастаи сокинони ҷумҳурӣ нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дар раванди рушду шукуфоии Тоҷикистон нақши фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон нисбат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Онҳо Эмомалӣ Раҳмонро яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ ва мавқеи ӯро миёни сиёсатмадорон ба таври шоиста муаррифӣ ва раванди сулҳи тоҷиконро пойдору беназир хонда, барои бисёр халқҳои мамолики дигар намунаи ибрат арзёбӣ кардаанд. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ, роҳбариву роҳнамоии хирадмандона ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаю ба ҳамин монанд хислату хизматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дарёфти роҳи сулҳоварӣ, ҷасорату хирадмандӣ, пешгирӣ аз ҷаҳолату нодонӣ ва нооромию бесуботӣ, таъсиси донишгоҳҳои зиёд дар мамлакат ва пешравӣ дар афкори мардум, гиромидошт ва зинда кардани номи алломаҳои миллат, эҳёи парчаму давлатдории тоҷикон ситоиш намудаанд.

Бояд гуфт, ки ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори осудаи мардум ба халқи тоҷик ҳамвора рӯҳу илҳом бахшида, ба пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат кардааст.

Дар ҷамъомад собиқ вакилони Иҷлосияи таърихӣ- Ҷамолиддин Мансуров, Ато Ҳамдам, Абдуманнон Абдуразоқов саҳифаҳои хотироти худро аз лаҳзаҳои баргузорӣ, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ва қабули нишону парчами Тоҷикистон ва дигар қарору санадҳои муҳим варақгардон намуда, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар интихоби Роҳбари давлат, сулҳу салоҳ, ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бузургу мондагор арзёбӣ намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон Сурайё Дӯстмуродзода хизматҳои Роҳбари давлатро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, эҳёву таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, хизмати собиқ вакилони Шӯрои Олиро дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, ки миллатро аз парокандагиву нобудӣ раҳо бахшиданд, мондагору шоистаи эҳтиром маънидод намуд.

Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертии иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстонаро пешкаши иштирокдорон намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор



Вернуться назад