Главная > Навидҳо > Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


1-03-2018, 15:30.
Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ  дар Душанбе    Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумиро баргузор менамояд.

Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, Фестивали мазкур 3 марти соли равон дар Маркази савдои Ашан гузаронида мешавад.

Дар он ҳунармандони асили тоҷик аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоишҳо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, кордсозӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, дуторсозӣ ва як зумра ҳунарҳои дигари мардумӣ, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад.





 Чопи саҳифа ✉ Равон кардан
Март 1, 2018 15:54
Вернуться назад