Главная > Навидҳо > Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: дар натиҷаи боришоти рӯзҳои охир 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: дар натиҷаи боришоти рӯзҳои охир 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд


1-03-2018, 11:46.
Бориши барфу борони шадид ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ намуда, 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Рӯдакиро зери об монд. Роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангворро резиши санг ва роҳи Душанбе-Хуҷандро лағзиши тарма муваққатан баст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, неруҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бартараф намудани оқибатҳои барфу боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як зумра ноҳияҳои мамлакат равона шудаанд.

Чунончӣ, 26 феврали соли равон бар асари боришот дар километрҳои 17-18-уми роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор, дар наздикии деҳаи Посуни Ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид. Кормандони шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ва хадамоти роҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои тоза кардану боз намудани роҳи масдудшуда 3 адад техникаи махсус сафарбар шуд. Дар айни замон корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.

Соати 20:00 дар километрҳои 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Хадамоти роҳи ширкати IRS бо ҷалби ду адад техника роҳро тоза кард ва ҳоло ҳаракати мошинҳо дубора шурӯъ шудааст.

Инчунин 27 феврали соли равон соати 03:50-и субҳ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе якҷо бо намояндагони хадамоти дахлдори коммуналии ноҳияи Шоҳмансур бо ширкати сокинони маҳаллӣ корҳои тозакунӣ ва соҳилбандӣ анҷом доданд.

Дар айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шудаанд.
Вернуться назад