Главная > Навидҳо > «НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт

«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт


4-11-2022, 08:39.
«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт3 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад.

«Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараю нигораҳои инъикоскунандаи раванди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин нигораҳои таърихӣ аз раванди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд»,- иброз дошт сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар».

Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар онҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудааст. Инчунин нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун дигар ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудаанд.

«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт


Дар намоиш инчунин асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. «Савганди ҷовидонӣ», Рабиев О. «Сулҳ – мақсади асосӣ!», Ғаюров Б. «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ғаюров К. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Абдуқодиров М., Раҳимов Р. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Фозилов Р. «Дуои модар» ва «Президент» пешниҳод шудаанд.

Дар намоиш тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад оид ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки аз раванди ин иҷлосияи тақдирсози кишвар қисса мекунанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон



Вернуться назад