Главная > Навидҳо > Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


7-02-2018, 11:27.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки ҷавонон ва ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, мудирон ва ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд.
Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ нодиртарин навъҳои кашидадӯзию чакандӯзӣ, кандакорию қуроқдӯзӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ пешниҳод гардиданд, ки инъикоскунандаи таърихи куҳани мардуми тоҷик буданд.

Дар Конференсияи илмӣ- амалӣ чор мавзӯъ баррасӣ шуданд. Зимни конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тарғиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба вилоят, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои аз байн рафта тамоми кӯшиши худро равона созанд, то Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати зебо ва дорои табиати нотакрор шинохта шавад.
Вернуться назад