Главная > Навидҳо > «РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивал доир мегардад

«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивал доир мегардад


22-10-2022, 09:15.
«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивал доир мегардадИмрӯз дар назди Муассисаи давлатии Боғи Шаршараи пойтахт бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ-омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор мегардад. Он бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир мешавад.

“Фестивали мазкур бо ҷалби донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии кишвар 24 сентябр оғоз гардида, то 17 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе идома меёбад. Фестивал имкон фароҳам меорад, ки намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, сангбардорӣ, шоҳмотбозӣ, камонварӣ, гурзандозӣ, бандкашӣ ва намудҳои муосири он муаррифӣ гарданд”,-гуфт муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар Фестивал донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ширкат меварзанд.

Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ки Фестивал бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифии фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ доир мегардад. Дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали муассисаҳои таҳсилоти олии мазкур иштирок менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Вернуться назад