Главная > Навидҳо > ДАСТОВАРДИ НАВИ ЭҶОДИИ МЕЪМОРОНИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТОВАРДИ НАВИ ЭҶОДИИ МЕЪМОРОНИ ТОҶИКИСТОН


28-10-2015, 13:27.
Бо мақсади ширкат дар чорабиниҳои байналхалқии меъморӣ- Конфронси Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон, Намоиш- озмуни байналхалқии меъмории мамлакатҳои ИДМ ва Сербия ва Намоиш – озмуни байналхалқии меъморони ҷавон «БОКУ – 2015» меъморони ҷумҳурӣ Примқулов Эркин, Давлатова Гулбаҳор, Суяров Ҳасаналӣ ва мухбири «Рӯзномаи бинокорон» бо сарварии Юсупов Баҳром – Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, аз 7 то 11 октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар доштанд.

ДАСТОВАРДИ НАВИ ЭҶОДИИ МЕЪМОРОНИ ТОҶИКИСТОН

Бояд қайд намуд, ки Иттифоқи меъморони Озарбойҷон ба ин чорабинии байналхалқии меъморӣ, ки ба Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ бахшида шуда буд, тайёрии хеле хуб дида, меҳмонони ин чорабиниро пазироии хуб намуда, бо саъати меъмории қадима, фарҳанги бойи худ, бо шаҳри зебои Боку, варзишгоҳи футболбозии хеле бузург ва боҳашамат барои 68000 ҷои нишаст, варзишгоҳи муосир барои бозиҳои гимнастикӣ, варзишгоҳи шиноварӣ, сохтмонҳои нав ба истифода додашуда ва нав тармимгаштаи шаҳри қадимаи Боку шинос намуданд.

Меъморони тоҷик низ ба ин Намоиш – озмунҳои байналхалқии меъморӣ лоиҳаҳои беҳтарини худро пешкаш намуда, ба натиҷаҳои хуб ноил гаштанд.
Чи тавре ки Президенти Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон – Николай Шумаков дар суханронии худ қайд намуд, -агар дар Намоиш – озмуни байналхалқии меъморони ҷавон – «Боку-2015» меъморони Португалия аз ҳама зиёд сазовори ҷойҳои аввал шуда бошанд, пас дар Намоиш-озмуни байналхалқии меъморони мамлакатҳои ИДМ ва Сербия меъморони Тоҷикистон аз ҳама зиёд– сазовори панҷ ҷойҳои аввали Намоиш – озмуни байналхалқии меъморӣ гардиданд. (Дар Намоиш – озмун зиёда аз 200 лоиҳаҳои беҳтарини меъморони ҳамаи мамлакатҳои ИДМ ва Сербия иштирок намуданд).

Дар номинатсияи «Биноҳои сохташуда» Шоҳҷоиза ва медали тилло насиби меъморони Озарбойҷон барои бинои маъмурии «Озарсу» гардид.

Маҷмааи биноҳои истиқоматии «Green Tawn” дар шаҳри Душанбе (ширкати лоиҳакашии «GM ва партнерҳо», сармеъмори лоиҳа Ғайрат Аноров) сазовори ҷои сеюм ва Дипломи дараҷаи сеюм гардид.

Дар номинатсияи «Лоиҳаҳо» барои лоиҳаи беҳтарин Шоҳҷоиза ва медали тилло ба меъмори сербиягӣ Петар Арсич супорида шуд.
Лоиҳаи «Музеи миллӣ дар шаҳри Хуҷанд» (ширкати лоиҳакашии «Архпроект», сармеъмори лоиҳа Баҳром Юсупов) сазовори ҷои аввал ва Дипломи дараҷаи якум ва лоиҳаи «Маҷмааи биноҳои истиқоматии «Ориён групп» дар шаҳри Душанбе (ширкати лоиҳакашии «GM ва партнёрҳо», сармеъмори лоиҳа Ғайрат Аноров, меъмор Фирдавс Азизов сазовори ҷои сеюм ва Дипломи дарачаи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «Лоиҳаҳои студентӣ» лоиҳаи дипломии «Маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе» (донишомӯзи курси шашуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Рустам Шарипов, роҳбари лоиҳаи дипломӣ Акбаров А.А.) сазовори Дипломи дараҷаи якум ва лоиҳаи дипломии «Бинои иттифоқҳои эҷодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» (донишомӯзи курси шашуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Манижа Миршакар, роҳбари лоиҳаи дипломӣ Брагина Н.Ю.) сазовори Дипломи дараҷаи дуввум гардиданд.

ДАСТОВАРДИ НАВИ ЭҶОДИИ МЕЪМОРОНИ ТОҶИКИСТОН

Аъзоёни Жюрии байналхалқӣ– Василис Сгутас (Юнон)- собиқ Президенти Иттифоқи меъморони Байналмилалӣ, Томас Вонеер – Котиби Генералии Иттифоқи меъморони Байналмилалӣ, Николай Шумаков (Руссия) –Президенти Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон ва Эльбай Касим-заде – Раиси Иттифоқи меъморони Озарбойҷон ва дигар роҳбарони иттифоқҳои меъморони мамлакатҳои ИДМ Иттифоқи меъморони Точикистонро бо ин муваффақияти эҷодии меъморони Ҷумхурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Меъморони ҷумҳурӣ аз Боку бо таассуроти хубу сари баланд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

ДАСТОВАРДИ НАВИ ЭҶОДИИ МЕЪМОРОНИ ТОҶИКИСТОН

Аҳли қалами «Рӯзномаи бинокорон» Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва хамаи меъморонеро, ки лоиҳаи онҳо дар Намоиш – озмуни Байналхалкии меъморӣ сазовори мукофотҳои баланд гардиданд, аз самими қалб табрик намуда, ба ҳамаи онҳо дар фаъолияти эҷодиашон комёбиҳои нави эҷодӣ орзу менамояд.

Д. Табарова,
Душанбе-Боку-Душанбе

Вернуться назад