Главная > Навидҳо > Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор

Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор


27-10-2015, 13:33.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор ҳусни оғоз бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки барои пешгирии талафоти қувваи барқ ва танзими он дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои калонро татбиқ менамояд. Дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2”, сохтмони зеристгоҳи барқии “Шаҳринав”, зеристгоҳи “Хонақоҳ” ва хатти интиқоли барқи 110 киловолта дар ноҳияи Ҳисор, бо маблағи 349 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқии “Шаҳринав” ва зеристгоҳи “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор кам кардани пурбории зеристгоҳҳои қаблан фаъолиятдошта мебошад.

Ҳамчунин татбиқи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” барои таъмини боэътимоди нерӯи барқ ва гармӣдар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда потенсиали саноатӣ ва аграрии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро баланд менамояд. Ҳамчунин интиқоли боэътимоди қувваи барқ ба корхонаҳои гуногуни саноатӣ таъмин карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси ҳамкории самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардид. Дар бунёди лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи мамлакат зиёда аз 100 нафар бинокорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳм гузоштанд.
Арзиши лоиҳавии 3 иншооти бунёдгардида, 22,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, таҷҳизоти асосӣ ё қудратӣ ва муҳофизавию идоравӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол гардидааст.

Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор

Ин дастгоҳҳо афзалиятҳои хеле зиёд доранд. Истифодаи соддаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз бартариятҳои асосии ин дастгоҳҳо ба ҳисоб мераванд. Ин дастгоҳҳо бе тармими куллӣ солҳои зиёд хизмат хоҳанд кард ва хароҷоти тармиму навсозӣ ба маротиб кам мешавад. Таҷҳизоти нав тариқи компютер идора карда шуда, дар сурати рух додани садама ҳангоми интиқолои барқ, он дар муҳлати кутоҳтарин муайян ва бартараф мегардад.

Таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи қувваи барқ, кабелу ноқилҳои баландшиддати зеристгоҳи “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” ва таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ аз санҷишҳои техникӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин барои интиқолу пайваст намудани зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ”-и ноҳияи Ҳисор дар доираи лоиҳа хати интиқоли барқ дар масофаи 10,8 километр кашида шудааст.

Зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор барои интиқол ва пешгирии талафоти қувваи барқ саҳми калон дошта, дар арафаи ҷашни 3000 – солагии Ҳисор туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия мебошад.
Вернуться назад