Главная > Навидҳо > Нахустин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев

Нахустин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев


16-01-2018, 10:49.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ аввалин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев доир гардид. Дар намоиши мазкур асарҳои Барим Неъматуллоев ва ҳунарҳои гузаштагони халқи тоҷик, ки аз тарафи номбурда ҷамъоварӣ шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Нахустин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев
Ба гуфтаи Барим Неъматуллоев, ҳадаф аз ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузоштани ҳунарҳои гузаштагони миллати тоҷик- ин аз нав эҳё ва ба мардум пешниҳод намудани онҳо мебошад.
«Имрӯз дар Тоҷикистон фарҳанги бегонапарастӣ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки ҳунару фарҳанги халқи тоҷикро ҷамъоварӣ намуда, онро дар осорхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузорам. Соли 2018 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Зеро соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои мардумӣ алоқамандии зич дошта, моро лозим меояд, ки дар ин сол хуб кор намуда, фарҳанги гузаштаи худро зинда гардонем»,- зикр намуд ӯ .
Нахустин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев
Тавре Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, «ҳунар, илм, маърифат ва китоб мероси бузургтарини мардуми тоҷик мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд осори бузурги гузаштагонамонро ҳифз намоем ва ба ояндагон мерос гузорем. Тоҷикистон кишвари зебо буда, неруи бузурги обӣ ва иқлими мусоид дорад, вале аз ҳама неруи бузурги он неруи инсонӣ мебошад. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли Барим Неъматуллоев инсонҳои бузурге ҳастанд, ки Тоҷикистонро бо ҳунари волои худ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, одамонро ба дунёи зебоӣ ворид мекунанд».
Нахустин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев
Барим Неъмутуллоев узви Иттифоқи рассомон ва меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон бо медали тилло сарфароз гардидааст.
Вернуться назад