Главная > Навидҳо > Дар корхонаи дўзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд

Дар корхонаи дўзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд


4-10-2022, 09:51.
Дар корхонаи дӯзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд3 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ №156-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи дӯзандагию истеҳсолии «Лола» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 30 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи мазкур Наргис Шарифзода.

«Корхонаи дӯзандагию истеҳсолии «Лола» аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул мебошад»,-гуфт Наргис Шарифзода.

Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш занони ба кор ҷалбшуда аз фароҳам овардани чунин шароити хуби корӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Дар корхонаи дӯзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд


Дар корхонаи дӯзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд


Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таъмини занони хонашин бо шуғл пайваста тадбирҳои муассир меандешанд.

Аз ҷумла, 23 сентябри соли равон дар маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад.

Тавре муовини Раиси ноҳия Наргис Шарифзода иттилоъ дод, марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вернуться назад