Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ исбот намуд

БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ исбот намуд


1-10-2022, 15:43.
БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ исбот намудБа туфайли қарору санадҳои дар Иҷлосияи XVI қабулгашта дар мамлакат омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо ба рушди бевосита мусоидат намуданд. Дар ин муддат дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумат фаъолияти муассисаҳои марбутаи соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ дастгирӣ ёфта, идомаи чунин корҳо яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дониста шудааст. Дар натиҷаи интихоби чунин стратегия тӯли 30 сол пас аз баргузории ин санаи таърихӣ маоши ҳадди ақалли кормандони соҳаи буҷетӣ чандин маротиба зиёд ва садҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд ва таҷдид шуданд. Заминаи ҳамаи ин пешрафт маҳз дар Иҷлосияи XVI гузошта шуда буд ва дурустии интихоби ин равандро ҳаёти имрӯза исбот менамояд. Чунин нигоштаанд донишмандони шинохта Хайриддин УСМОНЗОДА ва Саидмурод ФАТТОҲЗОДА дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

-Таҷрибаи таърихӣ гувоҳи он аст, ки ҳар иқдоми татбиқи барномаи давлатсозии дар масири таърих ба вуқӯъ пайваста дар баробари такя ба омилҳои таърихӣ инчунин саъю талоши бепоёни доираҳои давлатмардону неруҳои солими ҷомеаро барои ба воқеият табдил ёфтани худ ба дунбол доштааст. Хусусан бо зуҳури давлатҳои миллӣ ин гуна иқдому талошҳо суръату ҷилои тоза касб намуда, дар муҳити на ҳамеша созгору муфид аз субъектони болозикр барои амалишавии худ харҷи маҳорату дурбинии беназир тақозо мекарданд. Аз ин бармеояд, ки тарҳрезию амалигардонии барномаи давлатсозии муносибу дархури талаботу манфиатҳои ҳаётии ин ва ё он умумияти иҷтимоии таърихӣ ҳеҷ гоҳ кори саҳлу осон набуда, мушкилоти зиёди на ҳамеша пурра пешбинишавандаро дар пай дорад. Бинобар ин саодати ба ин ҳадаф расидан на ба ҳамаи умумияти иҷтимоии таърихӣ насиб гардидааст ва ҳукми даврони таърихӣ баҳои сиёсию таърихии ин гуна нокомиҳоро дар маҳзари «давлатҳои номуваффақ», «квазидавлатҳо» … арзёбӣ намудааст. Бо вуҷуди талх будани чунин ҳукми таърихӣ аз он ҷойи гурез нест, зеро ҳеҷ иқдоми ҷомеасозии ба таври табиӣ, яъне худ ба худ ҷараён гирифтану муназзам пешрафт кардани ҳаёти ҷамъиятӣ то ҳол иттифоқ наафтодааст. Баръакс ҳамеша дидҳою талошҳо даст ба ҳамдигар медиҳанд, мушкилиҳо рафъ мегарданд, ҳадафҳо дар зеҳни мардум ҷой мегиранд, мардум ба зарурати анҷоми амалҳои муштараку дастҷамъона боварӣ пайдо мекунанд, масъулияти наслҳои гуногун барои иҷрои корҳои созандагӣ тарғиб мешавад, то ин ки ниҳодҳои ҷомеа фаъолияти муназзам адо намоянд. Чунин марҳилаи давлатсозии аз нигоҳи сиёсӣ азиму тақдирсозро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври воқеию густурда пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тай намуд, ки бо эҷоди хати ягонаи ҳамгаройӣ тавонист кишвари моро ба сафи кишварҳои аз балоғати мактаби давлатдорияшон ифтихоркунанда ҳамроҳ созад. Маҳз дар заминаи чунин омил тавассути хотираи иҷтимоӣ муҳтавою арзиши бемисл доштани фаъолияти созандагӣ аз насл ба насл мегузарад ва бо пайваст додани таҷрибаи гузаштаи ҷомеасозии худ бо ҳозира миллат роҳи ояндаи тараққиёти худро муайян менамояд.

Дар даврони пас аз касби истиқлолияти давлатии кишварамон Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар партави татбиқи қарору санадҳои муҳими қабулнамудааш имконоти рушди минбаъдаи муътадили ҷомеаи тоҷикро муяссар гардонид. Иҷлосияи XVI замоне баргузор гашт, ки парокандагии сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик на танҳо дар фазои мафкуравӣ, балки дар табиати муносибату ҳамдигарпазирии мардуми минтақаҳои гуногун амиқ реша давонда буд ва бархе аз онҳо аз паси сангарҳо тавассути зӯри силоҳ муносибаташонро бо ҳамдигар муайян карданӣ мешуданд. Ҳар гурӯҳ талош меварзид, ки самти тараққиёти ҷомеа тибқи ҳадафу манфиатҳои он пеш равад ва мутаассифона, аксарияти зимомдорони онвақтаи давлат ҷуръату масъулияти ба ҳам наздик кардани манфиати ин гурӯҳҳоро дар атрофи наҷоти Тоҷикистон нишон намедоданд. Дар натиҷа ҷомеа ҳарчи бештар ба вартаи рукуди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ наздиктар мешуд.

Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос бо сайъу талошҳои як гурӯҳ намояндагони мардумӣ масъалаи зарурати ташкилу баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ пеш гузошта шуд. Дар он замон Шӯрои Олӣ ягона сохторе буд, ки то андозае дар роҳи ҷустуҷӯи таъмини сулҳу салоҳ кӯшиш менамуд. Ҳарчанд аввалан тавофуқи умумии намояндагони халқ оид ба зарурати даъвати Иҷлосия ба даст омада бошад ҳам, вале вобаста ба масъалаи макони баргузории он бар асари набудани кафолати амнияти фардию ҷамъиятӣ мувофиқаи умумиро пайдо кардан кори осон набуд. Пойтахти кишварамон он замон таҳти тасарруфи гурӯҳҳои мухталифи даргир қарор дошт ва амнияти намояндагонро дар ин ҷо низ таъмин намудан душвор буд. Аз ин рӯ, интихоби макони баргузории Иҷлосия шаҳри Хуҷанд қарор гирифт.

Ҳамин тавр, бо ташаббус ва сайъу эҳтимоми як зумра намояндагони мардумӣ, ки эҳтимоли бо чӣ гуна хатар дучор шудани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дар сурати идомаи минбаъдаи даргириҳои дохилӣ равшан тасаввур мекарданд, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ба кор шурӯъ намуд. Рӯзномаи фаъолияти иҷлосия бо тақозои масъалаҳои муҳими рӯз таҳия шуда, аслан ба ҷустуҷӯи роҳҳои дарёфти бартарафсозии вазъияти ногувору буғранҷи ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шуда буд. Инро тамоми мардуми Тоҷикистон бесаброна интизор буданд ва ба натоиҷи фаъолияти ин ҷамъомади сиёсӣ бо чашми умед менигаристанд. Аз натиҷаи мусбати иҷлосияи мазкур имконияти минбаъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи сиёсати байналхалқӣ эътироф кардани Тоҷикистон низ сахт вобастагӣ дошт. Инро бештари намояндагони халқ пайваста пеши назар доштанд ва бо дурандешии сиёсӣ, новобаста аз рақобату манфиатҷӯиҳои шадиди гурӯҳҳои дохилию хориҷӣ ва нооромиҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба бунёди давлати навини тоҷикон камар бастанд.

Барои иҷрои ин вазифаи таърихӣ Иҷлосияи XVI новобаста аз фазои номусоид роҳи ҳалли мусолиҳатомези сиёсии масъалаҳои дар ҳаёти ҷомеа баамаломадаро аз ҳама муносиб донист. Маҳз тавассути интихоби чунин шеваи мусолиҳатомези ҳалли мушкилот зимни баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятии он давра ба иҷлосия муяссар гашт, ки проблемаҳои барқарорсозии низоми фалаҷгаштаи идоракунии давлатӣ, таъмини ҳокимияти қонунии сиёсӣ ва интихоби сарвари нави сиёсиро бомуваффақият ҳал намояд. Инҳо масъалаҳое буданд, ки ҳатто пас аз ноил шудан ба истиқлолият ҳалли пурраи худро наёфта буданд ва миёни роҳбарони сохторҳои ҳокимият иродаи ягонаи сиёсӣ ё ин ки хати ягонаи фикрӣ оид ба интихоби самти мушаххаси тараққиёти ҷомеа дар шакли равшану возеҳ мавҷуд набуд. Дар натиҷа низоми идоракунӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пояи қонунии ҳокимияти сиёсӣ суст гашта, дар ҷомеа рақобати ғасби ҳокимият, поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои одамон ошкоро сурат мегирифт. Дар чунин шароит роҳбарияти онвақтаи сиёсии кишвар ҷараёни ҳодисаҳои номатлуби ҳаёти ҷомеаро ба ҳоли худ гузошта, мақомоти қудратӣ низ худро бетараф аз ин равандҳо эълон намуданд, ки намунаи онро дар фаъолияти ягон низоми солими идоракунии давлатҳои дунё пайдо кардан душвор аст.

Аслан омили асосии мусоидаткунандаи ин равандҳои номатлуб аз он иборат буд, ки роҳбарияти сиёсии онвақтаи Тоҷикистон бар асари надоштани таҷриба ва иродаи мустақили идоракунии давлат, дарк карда натавонистани набзи ҳаёти ҷомеа ва равандҳои сиёсии дохилию хориҷӣ ҳаводиси рухдодаистода дар ҳаёти ҷомеаи тоза ба истиқлолият расидаи моро ба самти зарурию дилхоҳ равона карда натавонистанд. Акнун зарурати идоракунии равандҳои ҳаёти ҷомеа аз шахсиятҳои сиёсӣ тақозо мекард, ки онҳо қобилияти ҷиддан ва мустақилона идора карда тавонистани ҳодисаҳо ва роҳбарӣ намудани оммаҳои васеи ба ҷунбиш омодаро дошта бошанд. Минбаъд танҳо тавассути истифодаи фишангҳои фалаҷгаштаи таъсиррасонии маъмурӣ ҳаёти мӯътадили ҷамъиятиро таъмин кардан мушкил буд.

Бо назардошти ин талаботи тараққиёти ҷомеа Иҷлосияи XVI чунин роҳбарии сиёсиро дар симои яке аз намояндагони халқ –Эмомалӣ Раҳмон дақиқан шинохту рӯи кор овард, ки минбаъд таҳкими асосҳои сулҳу ваҳдат, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди давлатдории навини тоҷик бо фаъолияти созандаи ӯ робитаи ногусастанӣ пайдо кард. Чунин интихоби вакилони мардумӣ асосҳои воқеӣ дошт, зеро ҳанӯз дар оғози нооромиҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи онҳо дар ҷаласаҳои пештараи Шӯрои Олӣ баромадҳои ҷасуронаи вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои волоият ва ҳимояи қонунҳои амалкунанда равона гардида буданд. Ин баромадҳо аз он шаҳодат медоданд, ки ӯ дорои хислатҳои дурандешӣ, роҳбарӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҷасорати хосса буда, ҳамчун сиёсатмадори варзида маҳз дар ҳамон солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ташаккул ва такомул ёфтаанд. Вақте ки як қисми вакилони мардумиро гаравгон гирифта буданд, маҳз Эмомалӣ Раҳмон барои озод намудани онҳо аз минбари Шӯрои Олӣ овоз баланд намуда, қотеъона озод намудани вакилонро талаб намуданд. Дар он шароит ба миён гузоштани ин масъала ҷасорати баланди шахсӣ ва сиёсӣ талаб менамуд. Зеро худи ӯро метавонистанд гурӯҳҳои поймолкунандаи ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда ба гарав гиранд. Ба ин нигоҳ накарда, масъалаи мазкурро бо исрор ба миён гузоштанд ва вакилони мардум озод гардиданд.

Ба ҳайси роҳбари сиёсии мамлакат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро мардуми дар он вазъ ташнаи сулҳу оромии Тоҷикистон фоли нек ҳисобида, дар симои ӯ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро диданд. Иқдоми аввалини ӯ дар ин вазифа аз эҷод кардани сохторҳои нави давлатӣ чӣ дар сатҳи марказӣ ва чӣ маҳаллӣ ибтидо гирифт. Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ давлатро ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу амният эътироф намоянд. То Иҷлосияи XVI риояи ин рукни муҳими давлатдорӣ амал намекард ва ҳаёти ҷомеа худсарона, бо роҳи истифодаи қувваи фишору зӯрӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадаст ба роҳ андохта мешуд. Мавҷудияти ин падида пояи ҳокимияти қонунии давлатиро суст сохта, хатари парокандашавии воҳидҳои маъмурии ҷумҳуриямонро рӯз аз рӯз зиёдтар мекард. Бартараф намудани ин гуна хатарҳои марбут ба фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ минбаъд барои татбиқи идораи сиёсии ҳокимияти конститутсионӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон заминаи боэътимоду ҳуқуқӣ омода кард.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба вуҷуд овард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия бисёр вазифаҳое, ки марбут ба фаъолияти давлат дар ин самтҳо ҳастанд, вале дар он давра аз салоҳияти давлати Тоҷикистон ба ихтиёри гурӯҳҳои ифротгаро гузашта буданд, аз нав ба ихтиёри давлат бозгардонида шуданд. Яке аз чунин аломатҳои муҳиму бунёдии мавҷудияти ҳама гуна давлат- ин принсипи танҳо аз ҷониби он ба роҳ мондани инҳисори истифодаи ошкорою қонунии зӯрӣ, маҷбурнамоӣ мебошад, ки онро дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ гурӯҳҳои разманда ба дасти худ гирифта буданд. Бинобар ин дар иҷлосия ба навсозии сохтори идораҳои қудратӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, аҳамияти афзалият додан ба ин масъала дар Муроҷиатномаи аввалини Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки 12 декабри соли 1992 интишор гашт, махсус таъкид гашта буд. Дар Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон вобаста ба вазъияти баамаломада иҷрои чунин амалҳо дар самти ташкили ҳокимияти давлатӣ дар мадди аввал масъалагузорӣ мешуданд: «ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем; дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем…»

Иҷлосияи XVI вобаста ба дарки мубрамияти тақвият бахшидан ба асосҳои сиёсии истиқлолияти ватани азизамон зарурати ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат арзёбӣ кард. Зеро бе истиқрори сулҳ ҳалли самарабахши масъалаҳои дар назди ҷомеа истода имконнопазир буд. Ба ҳамин хотир иҷлосия таҳти сарварии роҳбари тозаинтихобгашта кори худро аз сулҳу оштӣ ва ба ҳам овардани мардуми пошхӯрда оғоз намуд. Бо талошҳои ғайратмандона ва дурандешонаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода тамоми тадбирҳо андешида шуданд. Яке аз ин иқдомҳои бисёр муҳим қабули Қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» мебошад. Яъне ин авфи гуноҳи шахсоне буд, ки дар муқовиматҳо ва даргириҳои то ин дам бавуҷудомада иштирок карда буданд. Дар ин радиф аз ҷониби Иҷлосия ҳамчунин Қонун «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид, ки мақсади ин қонунҳо таъмини асосҳои қонунии ба ҳам овардани мардуми кишвар, сулҳу оштӣ ва таъмини рӯзгори осудаи мардуми Тоҷикистон буд. Инҳо аввалин санадҳои ҳуқуқие буданд, ки дар роҳи оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон нақши роҳнамоӣ иҷро намуданд.

Ҳамин тавр, дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз бори аввал дар фаъолияти элитаи сиёсӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳадафҳои таҳкими асосҳои иҷтимоии давлати миллӣ бо тамоюлоти худшиносии аъзои ҷомеа созгор карда шаванд. Вале дар он шароит дарки пурраи мӯҳтавои воқеӣ ва созандагии ин амал барои тоҷикон душвор буд. Зеро онҳо дар он вақт амиқ пойбанди кӯшиши афзалият додан ба ҳувияти минтақавии худ буданд ва онҳо мӯҳтавои «миллат»-ро низ дар заминаи мансубияти маҳаллию мазҳабияшон шарҳу тафсир мекарданд. Бинобар ин масъалаи дигари муҳим, ки дар назди ин иҷлосияи таърихӣ меистод, масъалаи қабули рамзҳои сиёсӣ, муайян кардани самти минбаъдаи инкишофи он ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд.

Ҳанӯз дар ҷараёни иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат Э. Раҳмон тарафдории худро аз чунин хусусияти давлат изҳор дошта буданд. Баъдан дар тақвияти ин андешаи худ Сарвари давлат таъкид карда гуфтанд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҳукумат ба рушду такомул ва густариши арзишҳои демократӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кумаки худро дареғ намедорад, вале Ҳукумат намегузорад, ки касе ё гурӯҳе дар зери парчами демократия табар бар решаи арзишҳои умумиинсонӣ занад, Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро вайрон кунад, байни мардум тафриқа андозад ва мардумро ба ҷанги бародаркушӣ даъвату ҳидоят намояд». Ҳарчанд ин рамзҳо ва даъватҳо дар аввал натавонистанд ба рафтори тамоми қишрҳои аҳолии мамлакат якнавохт муассир воқеъ шаванд, вале минбаъд батадриҷ онҳо дар фаъолияту ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд. Акнун пас аз тақвият додани асосҳои давлати миллӣ ва фосила гирифтан аз маҳдудияти ҳувияти минтақавӣ ташаккули шуури ягонаи миллӣ ва ҳувияти миллӣ ба чашм мерасид. Ин асосе буд, ки минбаъд ба ваҳдати миллӣ оварда расонид.

Аз ҷониби дигар, ин иқдомҳо минбаъд барои сафарбарнамоии сиёсию иҷтимоии мардум дар ҷодаи пешбурди ҳаёти иқтисодии кишварамон имконоти васеъ фароҳам оварданд. Барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти гуногунҷабҳаи иқтисодии аҳолӣ дар самти иқтисоди бозоргонӣ дар иҷлосияи мазкур якчанд санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Қарорҳои дар самти инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти кишварамон қабулнамудаи Иҷлосияи XVI ба тадриҷ барои пиёда намудани сиёсати муътадили гузариш аз иқтисоди фармонфармоии нақшавӣ ба иқтисоди бозаргонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд: «Иҷлосияи мазкур дар баробари матраҳ намудани чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим ҳамчунин санадҳоеро қабул намуд, ки дар таҳкими иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши муассир бозида, барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд. Маҳз дар ҳамин давра раванди ислоҳоти иктисодӣ оғоз гардид, ки ин ба устувор гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд. Самараи иҷлосияи мазкур буд, ки соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон қабул гардида, барои мутобиқ намудани низоми иқтисодиёти миллӣ ба талаботи низоми иқтисоди бозаргонӣ ва ҳарчи зудтар амалӣ сохтани раванди гузариш ба ин низом такони ҷиддӣ бахшид».

Татбиқи амалии стратегияи пешгирифтаи Иҷлосияи XVI имконият дод, ки на танҳо пастравии истеҳсолот боз дошта шавад, балки ҳамасола афзун шудани ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ таъмин гардад. Бо такя аз чунин муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар кишварамон иншооте сохта шуданд ва алҳол бунёд шуда истодаанд, ки онҳоро мардум садсолаҳо интизор буданд. Бо мақсади аз бунбасти нақлиётӣ баровардани кишвар, таъмини ягонагии коммуникатсионӣ ва ба ҳам пайвастани минтақаҳои кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикию озуқаворӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Ҳамаи ин мувафаққият дар партави он қарорҳои Иҷлосияи XVI, ки ҳадафашон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум буд, ба амал омаданд.

Баъд аз Иҷлосияи XVI яке аз унсурҳои таъмини истиқлолияти миллӣ- ташкили низоми ягонаи пули миллӣ буд. Ба ин хотир соли 1995 дар кишварамон рубли тоҷикӣ ҷорӣ шуд ва соли 2000 пули нави миллӣ – сомонӣ ба гардиш бароварда шуд. Дар ин росто системаи бонкии кишварамон инкишоф ёфт ва он имрӯз дар ҳифзи қурби пули миллӣ, паст кардани сатҳи таваррум ва таъмини рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Тӯли солҳои сипаригашта тибқи стратегияи муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Тоҷикистон ба иқтисоди бозаргонӣ рӯ овард. Ба туфайли ин стратегия пешравии шаклҳои гуногуни моликият ва хусусигардонии моликияти давлатӣ густариш ёфт. Зеро мақсади ниҳоии стратегияи муайяннамудаи иҷлосия маҳз ба кор андохтани иқтидори истеҳсолии кишвар, ҷорӣ намудани технологияи муосир, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ буд, ки имрӯзҳо амалӣ шуда истодаанд. Комёбиҳои дар ин самт ба даст омада минбаъд ба беҳтар шудани сиёсати иҷтимоии давлат таъсири мусбат расониданд. Давлат имконият пайдо намуда, маблағҳои зиёдро барои рушди соҳаи фарҳанг, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон равона месохт.

Дар самти дастгирии иҷтимоии мардум аввалин иқдоми сардори давлат баъди интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба ҷойҳои муқимии зисташон баргардонидани қариб як миллион гурезаи тоҷик ва ҳалли масъалаи иҷтимоии онҳо буд. Барқарор намудани хонаҳои валангоргаштаи гурезагон, пас гардонидани манзилҳои ғасбшудаи онҳо, бо хӯроку либос ва ҷои кор таъмин намудани онҳо аз вазифаҳои ҷиддӣ буданд. Буҷети харобгаштаи ҷумҳурӣ имконият намедод, ки масъалаҳои номбурда ҳалли фаврӣ ва мусбати худро ёбанд. Бо дарназардошти масъалаи мазкур Сарвари давлат ба созмонҳо ва ташкилоти бонуфузи байналмиллалии ҷаҳон дар хусуси расонидани кумаки молиявӣ ба Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Пас аз ин якчанд созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон сохторҳои худро боз намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба мардуми мо дасти кумак дароз намуданд.

Интихоби самти минбаъдаи инкишофи Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои дигар ва қобили таваҷҷуҳу дастгирӣ ҷилвагар сохт. Акнун он на фақат чун нуқтаи мубталои ҷанги шаҳрвандӣ, балки ҳамчун давлати моил ба таҳкими рукнҳои демократии идоракунии ҳаёти ҷомеа шинохта мешуд. Пас аз Иҷлосияи XVI Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр мамлакатҳо ба расмият шинохта шуд. Ин имконият дод, ки байни Тоҷикистон ва мамолики гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ барқарор гарданд ва он ба узвияти якчанд ташкилоту созмонҳои пурнуфузи байналхалқӣ пазируфта шавад. Зеро тағйироти маҳз дар Иҷлосияи XVI дар низоми идоракунии ҳаёти сиёсӣ вориднамудаи Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки бо он робитаи дӯстонаю ҳасана барпо кардан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист.

Натиҷаҳои иҷлосия нишон доданд, ки манфиатҳои Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти минтақа, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои таҳрибкору бунёдгаро бо манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои АвруОсиё тавъам мебошад. Онҳо хуб дарк карда буданд, ки нодида гирифтани хатари идомаи фаъолияти гурӯҳҳои фавқуззикр тадриҷан метавонад фазои ороми кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистонро низ рахна намояд ва ин худ ҳадафи тарҳрезони дохилию хориҷии муноқишаи шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Зеро дар ин кишварҳо низ ошкору пинҳон гурӯҳҳои тундраве фаъолият мекарданд, ки ба идомаи нооромиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд буданд ва мехостанд Тоҷикистонро ба пойгоҳи минбаъдаи амалиёти зиддиҳукуматияшон табдил диҳанд. Вале иқдоми пешгирифтаи иҷлосия амалишавии ин нақшаҳои тарҳрезишударо барбод дода, алайҳи ин гуна зуҳурот муборизаи ҷиддиро пеш гирифт ва бо ҳамин дар таъмини амнияти кишварҳои ҳамсояи худ, аз ҷумла минтақа дар маҷмӯъ саҳми босазо гузошт.

Интихоби чунин стратегия нишон дод, ки Тоҷикистон минбаъд метавонад шарики боэътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва соири кишварҳои ҳамҷавори худ дар таъмини амнияти қитъаи АвруОсиё гардад. Ва воқеан ҳам баъдан бо кӯшишу талошҳои пайгирона Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин кишвар табдил ёфт ва дар доираи узвияти худ дар якчанд созмону ташкилоти байналхалқию минтақавӣ дар ин самт сиёсати хирадмандонаю санҷидашударо идома медиҳад.

Тоҷикистон имрӯз аз он ҳолате, ки миёни солои 90-ум қарор дошт, на танҳо бомуваффақият баромад, балки тавонист ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори таъмини сулҳи минтақавӣ ва мусоидат ба рушди хоҷагии халқи он фаъолона иштирок намояд.

Стратегияи сиёсати байналхалқие, ки дар Иҷлосияи XVI тарҳрезӣ шуда буд, ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар давраҳои ниҳоят мураккаб ва ҳассос дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамеша манфиатҳои миллии худро пайгирона дифоъ намояд. Имрӯз таърих ва ҳаёт дурустӣ ва ҳаққонияти таърихии ин стратегияро комилан собит намуд. Чунин мисолҳоро метавонем аз мавқеи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои муҳимтарини умумибашарӣ, таҳдиду хатарҳои асосии глобалӣ, қабл аз ҳама, терроризми ҷаҳонӣ, экстремизми сиёсӣ, гардиши маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ва бахусус ҷустуҷӯю интихоби роҳу усулҳои одилонаи татбиқи механизмҳои муносибатҳои байналхалқӣ фаровон биёрем. Имрӯзҳо низ Тоҷикистон дар рӯёрӯи зиддияти гуногуни марбут ба диди пешрафту амнияти минтақа ва хатари заиф гаштани суботи байналмиллалӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки дар роҳи таъмини амнияти глобалӣ ва минтақавӣ саҳми босазо дошта бошад.

Ҳамин тавр, стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тарҳрезӣ шуда буд, дар тӯли ин 30 сол бемайлон ба густариши равобит ва ҳамкории васеъ бо ҳамаи кишварҳои олам мусоидати ҷиддӣ намуд. Дар ин росто равобити васеъ бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, давлатҳои босуръат инкишофёбандаи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, давлатҳои муштаракулманофеъ ва кишварҳои мусалмонӣ натиҷаҳои босамару боровар доштанд. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ин ва дигар самтҳои татбиқи сиёсати давлатиямон исбот намуд ва минбаъд ҳам дар сатҳи нав давом додани ин стратегия вазифаи пуршарафи ҳар фарди тоҷикистонист.

Хайриддин УСМОНЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ,
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Вернуться назад