Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ иштирок намуд

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ иштирок намуд


29-09-2022, 11:19.
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ иштирок намуд 28 сентябр дар Минск ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода тариқи маҷозӣ иштирок намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Котиботи Шӯрои ПАА ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.

Дар кори ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ, яъне дурнамои ҳамкории кишварҳои ИДМ, ҳамкории давлатҳо барои пешрафти ин соҳа, табодули таҷриба дар идоракунии бахши сайёҳӣ, аз ҷумла истифодаи иқтидори Роҳи бузурги абрешим, агротуризм ва сайёҳии саломатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъалаи таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ барои рушди сайёҳӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сайёҳӣ ва Намоишгоҳи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ соли 2023 дар Қазоқистон баргузор мешавад.

АКС аз бойгонӣ



Вернуться назад