Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Риёз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Дар Риёз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид


27-09-2022, 08:11.
Дар Риёз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид25 сентябр дар Риёз ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ ва намояндагони доираҳои расмӣ ва кории кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни сухани табрикии худ роҷеъ ба арзишҳои волои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар маълумот дод.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Акс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад