Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлут Човушоғлу дурнамои рушди муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлут Човушоғлу дурнамои рушди муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд


25-09-2022, 11:19.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлут Човушоғлу дурнамои рушди муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд23 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлут Човушоғлу мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот дурнамои рушди муносибатҳо ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дар баробари равобити дуҷониба, масъалаҳои мубрами минтақавиро низ баррасӣ карданд.

Акс: ВКХ ҶТ



Вернуться назад