Главная > Навидҳо > ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад


22-09-2022, 15:03.
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад
Бо мушоҳида кардани ҷараёни ҷанги иттилоотӣ, ки бар асари муноқиша миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд, шумо ҷузъиёти ҷолиберо пайхас мекунед, ки онро метавон чунин баён кард: «даргириҳо ба он хотир сар задаанд, ки санади муштарак дар мавриди оғоз намудани сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба имзо расонида шавад».

Масалан, журналист ва коршиноси қирғиз Азиза Бердибоева маҳз ба ҳамин чиз ишора дорад: “Муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон — таърихи солҳои қадим ва марзи тақсимнашудаанд. Солҳои қаблӣ сабаби муноқиша ҳама гуна амал ё иғво аз ҳар тараф буд. Вале воқеаҳои рӯзҳои охир гӯё бе ягон замина рӯй доданд. Чӣ гуна ва чаро ин метавонад ба рӯйдодҳои сиёсии ахир рабт дошта бошад, биёед якҷоя бифаҳмем”, — менависад вай ва дарҳол меафзояд: “Муҳимтарин рӯйдод барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рӯзҳо нишасти сарони СҲШ буд, ки дар ин рӯзҳо дар Самарқанд ҷараён дорад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ чанд санади хеле муҳим оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки яке аз онҳо Созишномаи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Узбекистон” дар қитъаи ҳудуди Қирғизистон мебошад.

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад
Шералӣ Ризоён

Коршиноси мустақил, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар ин бора чунин гуфт:

— Ман ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин фарзия дучор шудам ва дирӯз онро як коршиноси Қирғизистон низ баён кард. Ман фикр мекунам, ки чунин партофти иттилоотӣ кирои танқид намекунад, чаро?

Аввалан, ин лоиҳа таърихи беш аз 20-сола дорад ва дар бораи он ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта сухан мерафт;

Сониян, оғози сохтмони роҳи оҳан аз сабаби тайёр набудани Қирғизистон борҳо мавқуф гузошта шуд. Баъд аз он ки Шавкат Мирзиёев президенти Узбекистон гардид, вай ба ин тарҳ ҷараёни тоза бахшид ва музокиракунандагони ин кишвар кори бузургеро анҷом доданд. Зеро тавсеаи долонҳои нақлиётӣ яке аз ҳадафҳои ҳукумати Узбекистон аст. Аммо пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар Қирғизистон, он чизе, ки тарафҳо дар моҳи сентябри соли 2022 ба хулоса омада буданд, метавонист пештар имзо шавад;

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад


Ва солисан, дар фазои иттилоотии Қирғизистон матолибе мунташир шудаанд, ки аз майл надоштани бахше аз нухбагони сиёсии ин кишвар барои роҳандозии ин лоиҳа сухан меравад. Зеро дар Қирғизистон гурӯҳҳои муайяни бонуфузе ҳастанд, ки мухолифи пайдоиши роҳи оҳани Узбекистон-Қирғизистон-Чин ҳастанд. Чунки даромаде, ки ҳоло онҳо мегиранд, метавонад аз байн равад. Танҳо дар чаҳор сол 10 миллиард доллар аз байн рафт, ки омори содироту воридоти Чин ва Қирғизистон аз ин шаҳодат медиҳад.

АКС аз бойгонӣ
Вернуться назад