Главная > Навидҳо > «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-Фестивали ҷавонон

«Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-Фестивали ҷавонон


22-11-2017, 11:52.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстию рафоқат, ягонагию муттаҳидӣ дар байни ҷавонон, табодули таҷриба ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт 22 – 25 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
«Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-Фестивали ҷавонон

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, имрӯз Фестивали мазкур бо гузоштани гулчанбар дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҷавонони фаъоли тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз меёбад. Дар рӯзҳои баргузории Фестивал ҳамчун рамзи тарғиби варзиш ва нигоҳдории саломатӣ иштирокдорони он ҳар саҳар дар майдони «Дӯстӣ», боғҳои «Устод Рӯдакӣ» ва «Парчами миллӣ» ва дигар ҷойҳои мувофиқи пойтахт машқҳои пагоҳирӯзӣ мегузаронанд.

Дар доираи Фестивал 23 ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!» баргузор мегардад.

Баъди ин ҳамоиш иштирокдорони Фестивали ҷавонон аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо вазъи будубоши сарбозон дар қисми ҳарбии 0123-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд.

Сипас иштирокдорони ҳамоиш дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Сайри шомгоҳони Душанбе» иштирок намуда, ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз»-ро тамошо мекунанд.

24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар «Боғи С.Айнӣ» барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор мегардад.


Вернуться назад