Главная > Навидҳо > Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент барномаи консертӣ доир мешавад

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент барномаи консертӣ доир мешавад


16-11-2017, 15:21.
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент барномаи консертӣ доир мешавад
Имрӯз, 16 ноябр, соати 18:00 дар майдони 800 – солагии Москваи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии «Зебо», Ансамбли «Ситораи умед», инчунин сарояндагони номдор, чун Ҷамшед Исмоилов, Содиқ Нуруллоев, Зулайхо Маҳмадшоева, Фахриддини Малик, Ҳақназар Аловатов, Виктория Раҳмонова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.


Вернуться назад