Главная > Навидҳо > Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад


2-11-2017, 14:29.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад
Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки худи ҳамин рӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом диҳад.

Бояд тазаккур дод, ки ин сафари чоруми расмии Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон дар 9 соли раҳбариаш аст. Президенти Туркманистон бори охир дар моҳи май соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст.
Вернуться назад