Главная > Навидҳо > Азим Иброҳим, Вазири нақлиёт: Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил меёбад

Азим Иброҳим, Вазири нақлиёт: Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил меёбад


6-08-2022, 15:56.

Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дирӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Вазир гуфт, ки ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,4 миллиард сомонӣ, муодил ба 828,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд. Аз 11 лоиҳа 5-тои он ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ пурра ба анҷом расида, дар ҳолати кафолат қарор доранд. Инчунин 6 лоиҳа ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ дар ҳоли татбиқ мебошанд.

Азим Иброҳим иброз намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Данғара–Оқмазор (28,6 км), Душанбе –Қулма, қитъаи Қалъаи Хумб–Ванҷ -сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон бо тӯли 93 км бо ду нақб, ки бо иштироки намояндагони ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва ширкати чиноии «Чайна Роуд», ки 23 июни соли равон оғоз ёфт, ҷараён дошта, дар сурати пурра ба анҷом расонидани корҳо ин қитъаҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мегарданд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ин давра Азим Иброҳим зикр намуд, ки тавассути ҳамаи намуди нақлиёт беш аз 47,1 миллион тонна бор бо гардиши 4,6 миллиард тонна –км ва қариб 407 миллион мусофир бо гардиши 4,7 миллиард-мусофир –км интиқол дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 18,7 фоиз, гардиши бор 20,9 фоиз, мусофирбарӣ 11,1 фоиз ва гардиши мусофирон 13,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Инчунин зикр шуд, ки дар ин давра дар соҳаи нақлиёти мамлакат 1000 ҷойи кор таъсис дода шуда, саҳми соҳаи нақлиёти кишвар дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ ҷумҳурӣ 6,8 фоизро ташкил дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Вернуться назад