Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 808 иншооти гуногун бунёд мегарданд

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 808 иншооти гуногун бунёд мегарданд


6-08-2022, 11:17.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки аз ин шумора 92 адад корхонаҳои саноатӣ, 119 адад синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва 419 адади дигар марказҳои хизматрасонӣ мебошанд. Дар ин бора масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ 4 адад бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимии №3, биноҳҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Мувофиқи нақшаи генералӣ, дар маркази шаҳри Ваҳдат барои бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиёда аз 60 адад қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расидаанд, ки дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 20 иншооти баландошёна оғоз гардида, муташаккилона идома доранд.

Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр саъю кӯшиш доранд.

То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр иншооти боқимондаи ҷашнӣ, аз қабили навсозии пулу роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои хизматрасонӣ пурра бунёд шуда, дар сатҳи олӣ ба истифода дода мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
Вернуться назад