Главная > Навидҳо > Нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор шуд

Нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор шуд


4-08-2022, 14:38.
Нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор шуд3 август нишасти чоруми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли равон, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин муаррифии натиҷаи гузориши таҳлилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (IFC) оид ба вазъи ҳамлу нақли ҳавоии кишвар баррасӣ гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад