Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар назди Қасри Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд мегардад

БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар назди Қасри Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд мегардад


1-08-2022, 13:19.

Боғи фарҳангию фароғатие, ки дар назди Қасри Арбоб бунёд шуда истодааст, барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмонии Боғи фарҳангию фароғатие, ки дар назди Қасри Арбоб бунёд шуда истодааст, шинос гардид. Ин боғ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст.

Бунёди боғ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз, боғи нав барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа, иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншоот шинос шуда, ба сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон суҳбат карда, барои татбиқи босифати лоиҳа супоришҳо дод.


Имсол 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

30 сол пеш дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


Вернуться назад