Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоем

Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоем


26-07-2022, 14:27.
Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоемБарои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони радио ва телевизион аз ҷониби Академияи ВАО ба Тоҷикистон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бора 26 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Раиси Кумита Нуриддин Саид иброз дошт, ки «дар ин самт бо Академияи ВАО корбарӣ ҷараён дошта, ояндаи наздик барои баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон мутахассисони маъруфи ҷаҳонӣ даъват ва ба гузаронидани дарсҳои амалӣ ҷалб мешаванд».

«Дар доираи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» чанд нафар кормандон барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Онҳо маҳз ба омӯзиши ихтисосҳое, ки дар дохили кишвар ба роҳ монда нашудаанд, ҷалб карда мешаванд», — гуфт Нуриддин Саид.

Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоем


Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» 10 машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, дар он 115 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионию радиои марказӣ ва минтақавӣ, инчунин матбуоти даврӣ иштирок намуданд ва ба 84 нафар гувоҳнома (сертификат) супорида шуд.

Академия дар оғози соли равон аввалин маротиба барномаҳои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоҳида таҳия намуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»



Вернуться назад