Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар доираи татбиқи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд

Дар доираи татбиқи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд


26-07-2022, 11:57.
Дар доираи татбиқи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбандДар доираи амалӣ гардидани «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамасола дар мамлакат садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, ки дар марҳилаи саноатикунонии мамлакат ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯянд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат Ширин Амонзода хабар дод.

Мавсуф зикр намуд, ки «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Дар доираи амалӣ гардидани супоришҳои Сарвари давлат моҳи майи соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид».

Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.

«Ин Консепсия бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст»,- гуфт Ширин Амонзода.

Ҳоло дар вазорат барои таҳияи Лоиҳаи «Барномаи нахустини миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба манзури фаро гирифтани тамоми ҷанбаҳо, яъне самаранок омода намудани қувваи корӣ, таъмин намудани бозори меҳнат бо қувваи кории ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар марҳилаи саноатикунонӣ, яъне ба назар гирифтани воридоти хатҳои технологии муосир, ки ҳам аз ҷониби инсон ва ҳам аз ҷониби зеҳни сунъӣ идора карда мешаванд, гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷумҳурӣ 322 068 нафар шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, аз ин шумора 264 617 нафар мард ва 57 451 нафар зан мебошанд ва ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд аст. Инчунин дар шаш моҳи соли равон аз хориҷи кишвар 240 596 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, ки аз ин шумора 194 395 нафар мард ва 46 201 нафар зан мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»



Вернуться назад