Главная > Навидҳо > Дар Нуробод пули нав ба истифода дода шуд

Дар Нуробод пули нав ба истифода дода шуд


15-10-2015, 15:51.
Дар ноҳияи Нуробод пули болои дарёи деҳаи Зуманаки ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов дар муддати панҷ моҳ ба истифода дода шуд. Дарозии пули сохташуда 63 метр буда, 3 тонна вазнро бардошта метавонад ва он бо 130 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Барномаи рушди СММ ва 90 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мардуми ин минтақа сохта шудааст. Маблағи умумии он 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пули мазкур аз ҷониби ҶДММ "Пайрав" дар якҷоягӣ бо аҳолии деҳаҳои Зуманак, Сари мазор ва Яхак сохта шуд.
Вернуться назад