Главная > Навидҳо > Кумаки башардӯстона аз Ҷумҳурии Қазоқистон

Кумаки башардӯстона аз Ҷумҳурии Қазоқистон


31-08-2017, 10:37.
Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Тавре Абдукарим Раҳимов, сардори раёсати ташкил ва танзими захираҳои моддии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, кумаки башардӯстона маҳсулоти хӯрокворӣ буда, аз орд ва консерваи гӯштию ширӣ иборат аст.

Ба иттилои номбурда, миқдори кумаки башардустона маблағи наздик ба 1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, ҳамасола аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кумакҳои башардӯстона расонида мешаванд.

Ин кумак дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ашхос ва оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Вернуться назад