Главная > Навидҳо > Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад

Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад


1-07-2022, 10:22.

29 июн Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими мошингард, пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, дар ҳолати буҳронӣ ё фавқулода вокуниши фаврӣ ва самарабахш ба ҳолатҳои болозикр мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 35,8 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.


Вернуться назад