Главная > Навидҳо > Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисабон иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисабон иштирок намуд


29-06-2022, 08:33.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар мавзӯи «Вусъат бахшидан ба амалҳои ба илму фанноварӣ асосёфтаи марбут ба уқёнус», ки 27 июн дар шаҳри Лисабони Португалия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа роҳбарӣ мекунад. Ба он инчунин муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода шомил мебошад.

Ҳамоишро Президенти Португалия Марсело Ребелу де Соуза ва Президенти Кения Ухуру Кениата якҷо бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ҳамрасӣ намуданд. Дар Конфронс сарони 25 давлатҳо ва ҳукуматҳо, ҳазорон нафар роҳбарони мақомоти давлатӣ, олимон аз 120 кишвари ҷаҳон, намояндагони 38 агентиҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, 1200 ташкилотҳои ғайридавлатӣ, 400 ширкат ва 150 донишгоҳҳо ширкат варзиданд.

Дар интиҳои Конфронси мазкур кишварҳо дар бораи қабули як нақшаи амал ба мувофиқа хоҳанд расид, ки вокуниши дастаҷамъонаи глобалиро барои ҳалли таназзули уқёнусҳо талаб менамояд. Санади ниҳоӣ, ки дар ҷаласаи хотимавӣ қабул хоҳад гашт, тадбирҳои илмӣ ва навоваронаро бо назардошти мушкилоти иқтидори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан мамлакатҳои сусттараққикарда муайян мекунад.

Конфронси мазкур то рӯз 1 июл идома мекунад.
Вернуться назад