Главная > Навидҳо > Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардид

Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардид


23-06-2022, 16:27.
Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардид23 июн дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт нахустин Конфронси миллӣ дар мавзӯи «Такмили қонунгузорӣ ва сиёсат дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид, иттиллоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар конфронс муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ беш аз 180 намояндаи ташкилоту идораҳои давлатию хусусӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Матлубахон Сатториён зикр кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сатҳи шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз самтҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Аммо таъмини зиндагии арзандаву шоиста дар ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолкунии ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар ҳамчун самти муҳими фаъолият муқаррар гардидааст.

Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардид«Ташаббуси «Нури рӯшноӣ», ки дар беш аз 25 кишвар ва минтақаҳо амалӣ гардида, ҳадафи он мубориза бар зидди шаклҳои гуногуни зӯроварӣ ва инчунин амалҳои зараровар равона шудааст, дар ҷумҳурии мо низ татбиқ мегардад. Бояд зикр намоям, ки тавассути амалигардонии ташаббуси «Нури Рӯшноӣ» фаъолият дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон тақвият дода шуд, ки саҳми вазорату идораҳо, агентиҳои СММ дар Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле назаррас аст», — тазаккур дод муовини Сарвазир.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сурат мегирад.

«Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар самти зарурӣ татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳо ҳамкории густурда дорем. Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки СММ оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун ҳамоҳангсоз муайян гардидааст ва барои иҷрои талаботи барномаи мазкур вазорату идораҳо ҳамчун субъектҳои иҷрокунанда ҷалб шудаанд», — илова намуд ӯ.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва баррасии масоили муҳими пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва ба ин васила такмил додани қонунгузории соҳа ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои зӯроварии гендерӣ мебошад, ки ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд.

Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардидНозир оид ба зӯроварӣ дар оила дар ШВКД-2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Тахмина Давлатова дар суҳбат зикр кард, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус нозирон оид ба зӯроварӣ бо мақсади пойдории оилаҳо ва баробарҳуқуқии мардону занон, ҳамчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

«Аз рӯи таҳлили натиҷаҳои фаъолият бармеояд, ки имрӯзҳо муроҷиати ҷабридидагони ба ҳолати зӯроварӣ дучоршуда ба мо камтар шудааст ва яке аз сабабҳои он гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ дар байни ҷомеа мебошад. Гузаронидани чунин конфронс ва семинарҳо барои мо нозирони ҷавон дар беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳаррӯзаамон муҳиму саривақтӣ мебошад», — гуфт ӯ.

Омӯзгори Академияи ВКД Суфӣ Нуриддинзода иброз дошт, ки аз соли 2013 Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Албатта, бо дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 то ба имрӯз ҳамоишҳои сатҳи давлативу ҷамъиятӣ нисбат ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор шуда истодаанд, ки бо мақсади пойдор намудани сиёсати давлатӣ дар самти баробарҳуқуқии мардону занон, ҳамчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон тадбирҳои зарурӣ мебошанд.

Дар Душанбе такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ баррасӣ гардид«Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гаштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Интизор меравад, ки Конфронси миллӣ ҳамкориро барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳуқуқии вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон тақвият мебахшад», -тазаккур дод Суфӣ Нуриддинзода.

Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои гендерӣ ҳамчун нишондиҳандаи мақсаднок дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва афзалиятҳои рушди байнисоҳавӣ дар барномаҳои миёнамӯҳлати рушди кишвар низ муайян карда шудаанд. Дар ин радиф, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ амалисозии барномаи муштараки СММ оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» низ ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо кумак мерасонад.

Ҳадафи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба баробарии гендерӣ ва аксуламал ба зӯроварӣ» низ ҳамчун ҳадафи мустақили баробарии гендерӣ хидмат намуда, амалишавии он аз ҷониби барномаи ташаббуси «Нури рӯшноӣ» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳалли масъалаҳои пешгирии зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар давоми татбиқи лоиҳа аз соли 2021 то моҳи феврали соли 2022 «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва огоҳонидани аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот, корҳои омӯзишӣ-тарғиботӣ анҷом дод. Баргузории вохӯрию тренингҳо, ҳамчунин семинар – машваратҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Ёвон, Рӯдакӣ ва амсоли инҳоро фаро гирифта, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлия ҷиҳати ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда ворид намудани масъалаҳои марбут ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ ёрӣ расонд.

Яке аз вижагиҳои муҳим он аст, ки дар татбиқи лоиҳа иштироки вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар ва тавсияҳо аз рӯйи натиҷаҳои иштироки онҳо дар чорабиниҳо ба пешбурди минбаъда ва қабули тадбирҳои мушаххас оид ба такмили санадҳои қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар охири конфронс байни иштирокдорон саволу ҷавоб ва муҳокима сурат гирифт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»



Вернуться назад