Главная > Навидҳо > КМИР: 26 август дар ҳавзаҳои ВМКБ №1 ва НТҶ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад

КМИР: 26 август дар ҳавзаҳои ВМКБ №1 ва НТҶ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад


23-06-2022, 15:32.
КМИР: 26 август дар ҳавзаҳои ВМКБ №1 ва НТҶ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад26 августи соли равон дар ҳавзаҳои ҳудудии бисёрмандатии интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад. Дар ин хусус Қарори КМИР аз 22 июни соли 2022 ба тасвиб расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС аз бойгонӣ

Вернуться назад