Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон
Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон23-06-2022, 15:04. |
![]() Дар тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.Барои осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ орзуи шифои оҷил дорем». Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, шаби 22 июн дар вилоятҳои Пактико, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ, Логар ва Кобули Афғонистон заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод. Тавре агентии «Bakhtar» хабар медихад, 1000 нафар ба ҳалокат расида, 1500 кас маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ бар онанд, ки эҳтимол шумораи қурбониён ва захмиён зиёд шавад. Акс: ВКХ ҶТ
Вернуться назад |