Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Тоҷикистон ва Туркия шумораи парвозҳоро миёни ду кишвар зиёд мекунанд

Тоҷикистон ва Туркия шумораи парвозҳоро миёни ду кишвар зиёд мекунанд


22-06-2022, 16:03.
Тоҷикистон ва Туркия шумораи парвозҳоро миёни ду кишвар зиёд мекунанд22 июн вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин ҷонибҳо имконияти зиёд намудани шумораи парвозҳо миёни ду кишварро зарур шумурданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, шурӯъ аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.

Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад