Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт


21-06-2022, 08:12.
Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт20 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад