Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > МУБОРАК БОД! Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

МУБОРАК БОД! Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт


14-06-2022, 11:40.
МУБОРАК БОД! Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтТими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи фаъолияташ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, ки имрӯз, 14 июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба худ кафолат дод. Қисмати ниҳоии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Тамоми мухлисони футболи тоҷикро ба муносибати баромадани тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 табрик мегӯем!

Акс: ФФТ

Вернуться назад