Главная > Навидҳо > ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянма дар шаҳри Бишкек омодагӣ мегирад

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянма дар шаҳри Бишкек омодагӣ мегирад


7-06-2022, 16:13.
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянма дар шаҳри Бишкек омодагӣ мегирадДастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2023 муқобили дастаи мунтахаби Мянма дар шаҳри Бишкек идома дода истодааст, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай тамринҳои дастаҷамъонаашро ҷиҳати иштироки фаъолона дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 гузаронида буд.

Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии хешро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 дар гурӯҳи «F» 8 июни соли равон бо дастаи мунтахаби Мянма доир мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов, соати 15:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Рақибони дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷой гирифта, ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1
8 июн (чоршанбе)

15:30 – Тоҷикистон – Мянмар

20:00 – Қирғизистон – Сингапур

Даври 2
11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – Тоҷикистон

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3
14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ

Вернуться назад