Главная > Навидҳо > НАМОИШГОҲИ ҶУМҲУРИЯВИИ дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017”

НАМОИШГОҲИ ҶУМҲУРИЯВИИ дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017”


29-06-2017, 21:37.
1. Мавзӯъи Намоишгоҳ

Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017” бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи сохтмончиён оид ба дастовардҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ, лоиҳаҳои таҳияшудаистодаи бинову иншоот, инчунин масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ гузаронида мешавад.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла хишти сафолӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда ва ғайра мебошад.

2. Ташкилкунандаи намоишгоҳ:
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36.). Телефон барои тамос: 223-02-00

3. Иштирок дар намоишгоҳ
Дар намоишгоҳ ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватанӣ новобаста аз шакли моликият, меъморон, дизайнерон ва рассомони касбӣ иштирок менамоянд.

4. Шартҳои иштирок дар озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017” алоҳида ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишт пешниҳод карда шуда, дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj нашр гардидааст.

5. Намоиши лоиҳаҳо ва масолеҳи пешниҳодгашта дар шаҳри Курғонтеппа рӯзҳои 11-12 августи соли 2017 соатҳои 9-00 то 17-00 баргузор мегардад.

Иштирокчиёни фаъоли Намоишгоҳ бо сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.


Маълумот дар бораи гузаронидани намоиш-озмуни
“Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017”

Озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017” бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи сохтмончиён оид ба дастовардҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ ва масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ гузаронида мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебошад.
Намоиш-озмун бо мақсади муайян намудани истеҳсолкунандаи хишти беҳтарин ва муаррифӣ намудани он ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи намоиш-озмун баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ буда, ба ин васила таъмини рақобатпазирӣ ва устувор намудани пайвастагии истеҳсолкунанда бо истеъмолкунанда ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишт, ки маҳсулоти худро ба бозор пешниҳод менамоянд, мебошад.
Намоиш-озмун барои объективона муаррифӣ намудани беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт дар ҷумҳурӣ асос шуда, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти босифатро дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамояд, барои интихобу таъмини талаботи истифодабарандагон ёрии бемайлон мерасонад ва дар тарғибу ташвиқи корхонаҳои беҳтарин ҳиссагузорӣ менамояд.
Барои гузаронидани намоиш-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт - 2017” шароити мусоид фароҳам оварда шуда, якҷоя бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо, иштироки корхонаҳои истеҳсолии воқеъ дар ҳудуди маъмурӣ ҷойгирбуда таъмин карда мешаванд.
Гузаронидани намоиш-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017” дар асоси Низомнома сурат гирифта, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби ташкил, функсия, вазифа ва расмиёти асосии баргузории онро муайян менамояд.
Озмун барои иштироки корхонаҳои гуногуни истеҳсолкунандаи хишт, новобаста аз шакли фаъолияташ, ҷойгиршавии корхона, шумораи коргарон ва таҷрибаи истеҳсолию бозори фурӯши маҳсулот кушода мебошад.
Ғолиби озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017” объективона, дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда, бо пешниҳоди сертификат, санади санҷиши озмоишии сифати хишт ва дигар пешниҳодҳо муайян карда мешавад.
Барои ташкил ва гузаронидани намоиш-озмун, таъмини риояи қоида ва талаботҳои низомномаи мазкур Кумитаи тадорукот таъсис дода мешавад.
Кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва гурӯҳи экспертӣ, ки корҳои омодагӣ, ташкил ва гузаронидани онро ба ӯҳда доранд, созмон дода мешавад.
Корхонаи иштирокчӣ метавонад ба намоиш-озмун як ва ё якчанд намуди маҳсулоти худро пешниҳод намояд.
Пас аз пешниҳоди муроҷиат барои иштирок ба Кумитаи тадорукот бо хоҳишмандон шартнома баста мешавад. Баъд аз пардохти маблағи ташкилӣ, ки онро Кумитаи тадорукот муайян кардааст, он расман иштирокчии намоиш-озмун мегардад.
Муроҷиаткунанда вазифадор мешавад, ки ба Кумитаи тадорукот маҷмуи ҳуҷҷатҳои асосиро тибқи шартҳои иштирок, дархост, анкета ғайр аз ин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корхонаро дар давоми 20 рӯзи корӣ аз рӯзи имзои шартнома ва на дертар аз рӯзи охирони қабули дархост пешниҳод намояд.
Намоиш –озмун дар асоси якчанд номинатсия, ба роҳ монда шуда, натиҷаҳояш то анҷоми он махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Тартиби интихоби ғолибони намоиш-озмун дар асоси экспертизаи новобастаи маводҳои пешниҳодшудаи иштирокчиён, бо тартиби пешниҳоднамудаи намоиш-озмун, дастрас шудани маводу ҳуҷҷатҳо дар асоси шартҳои он гузаронида шуда, дар асоси хулосаи пешниҳоднамудаи гурӯҳи экспертӣ, Кумитаи тадорукот муқоисакунии баҳоҳои экспертҳои гузаронидашуда, хулосаи ниҳоии баҳои маҳсулот гузошта мешавад.
Корхонае, ки аз ҳама баҳои баландро соҳиб мешавад, корхонаи ғолиб ҳисобида мешавад.
Шарту шароит, нақшаи чорабиниҳои гузаронидани Намоиш –озмун ва дигар маълумотҳои иловагӣ дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj оварда, дар “Рӯзномаи бинокорон” нашр мегардад.
Марҳамат, дар Намоиш –озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт- 2017” ширкат варзед!
Вернуться назад