Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» тасдиқ гардид

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» тасдиқ гардид


2-06-2022, 16:15.
«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» тасдиқ гардид28 майи соли 2022, №263 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи ин қарор вазорати мазкур вазифадор гардидааст, ки ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод намояд.

Ҳамчунин ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат лоиҳаи барномаи амалисозии «Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» -ро ҳар панҷ сол таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятҳои асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.

Стратегияи мазкур чор ҳадаф-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро фаро мегирад.

«Шуғли пурмаҳсул» чӣ маънӣ дорад ва таъмини он дар Тоҷикистон ба чӣ мусоидат мекунад? Ба ин савол муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода посух дод.

«Мафҳуми «шуғли пурмаҳсул» дар асоси талаботи «Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ» муайян шуда, он фаъолиятест, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди меҳнат ё ин ки фоида аз соҳибкорӣ дар раванди истеҳсоли молҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва монанди инҳо таъмин мекунад. Воқеан, шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши истеъмолот, пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад»,-гуфт Нурулло Маҳмадуллозода.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вернуться назад