Главная > Навидҳо > Ду майдончаи варзишӣ-армуғони идонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сокинони пойтахт

Ду майдончаи варзишӣ-армуғони идонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сокинони пойтахт


24-06-2017, 16:00.
Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар робита ба иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ду майдончаи варзиширо ҳамчун армуғони идона ба Ҷашни Ваҳдат ба сокинони пойтахти кишвар сохта тақдим намуд.
Майдончаҳои варзишӣ яке дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо масоҳати 1090 метри мураббаъ ва дигаре дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 103 бо масоҳати 2800 метри мураббаъ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Тоҷикроҳсоз» ва «Сомонаморат» бунёд карда шудаанд. Майдончаҳои варзиширо имрӯз муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов дар маросии ботантана ба истифода доданд.
Назар ба иттилои котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова, роҳбарияти фурудгоҳ тасмим дорад, ки боз чунин як адад майдончаи варзиширо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 112 дар масоҳати 1620 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад.
Мавсуф зикр кард, ки алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ оғоз гардидааст.

Вернуться назад