Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Ашқобод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Дар Ашқобод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид


31-05-2022, 08:15.
Дар Ашқобод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод 29 май бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими Туркманистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ ва муайян кардани раванди рушди ҷомеа замина гузоштааст, сухан гуфт.

Сафир ба иштирокчиён оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақл кард. Зикр гардид, ки Тоҷикистон давоми 30 соли истиқлол дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Дар чаҳорчӯби чорабинӣ аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти кишвар, асарҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Роҳбари давлат ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Вернуться назад