Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо футболбозони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур неру месанҷад

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо футболбозони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур неру месанҷад


25-05-2022, 08:16.
МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо футболбозони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур неру месанҷадДар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаҳои Камбоча, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо дар ин мусобиқот гаштанд. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Узбекистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.

Гурӯҳи «C»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.

Гурӯҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.

Гурӯҳи «H»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.

Гурӯҳи «I»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Гурӯҳи «J»: АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон), Бруней.

Акс: ФФТ

Вернуться назад