Главная > Навидҳо > БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк, асал ва маҳсулоти ширӣ ба истифода дода мешавад

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк, асал ва маҳсулоти ширӣ ба истифода дода мешавад


19-05-2022, 11:09.
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк, асал ва маҳсулоти ширӣ ба истифода дода мешавадБа шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор беш аз 49 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Сангвор Ҳаким Раҷабов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Мувофиқи нақша, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагию ободӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор 4 иншоот дар самти маориф, 7 адад дар соҳаи саноат, 4 адад дар соҳаи фарҳанг, 11 адад дар савдо, 4 адад дар кишоварзӣ ва боқимонда иншооти варзишию сайёҳӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегарданд.

Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ вобаста ба саноатикунонии мамлакат дар ноҳияи Сангвор коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк дар деҳаи Дашти Ғурк, корхонаи коркарди ангишт дар Ҷамоати деҳоти Заршӯён, коргоҳи банду басти асал дар маркази ноҳия, коргоҳи истеҳсолии қуму шағал, коргоҳи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара, коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ ва коргоҳи коркарди чӯбу тахта ба истифода дода шуда, қисми зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Ҳаким Раҷабов иброз намуд, ки «сокинони ноҳияи Сангвор бахшида ба ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ 107 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода доданд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соҳибкорону сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар созандагӣ, бунёдкорӣ ва бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ саҳми арзанда мегузоранд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

Вернуться назад