Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Сайёҳӣ > Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эстония дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эстония дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид


18-05-2022, 09:17.
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эстония дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардидМасъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Эстония дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо иҷрокунандаи директори Академияи идоракунии электронии Эстония Ханнес Асток дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намояндаи Академияи идоракунии электронии Эстония ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Эстония дар соҳаи сайёҳӣ имзои санадҳои дахлдори ҳамкориро муҳим арзёбӣ намуда, ҷониби Эстония барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Вернуться назад