Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Завқӣ Завқизода ва Сезин Синаноғлу корҳои омодагӣ ба Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Завқӣ Завқизода ва Сезин Синаноғлу корҳои омодагӣ ба Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд


13-05-2022, 09:46.
Завқӣ Завқизода ва Сезин Синаноғлу корҳои омодагӣ ба Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд12 май Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу масъалаи корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода ба Сезин Синаноғлу барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ шудааст, инчунин пешгирӣ ва бартарафсозии осеби офатҳои табиӣ бинобар сабаби тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Сезин Синаноғлу омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои зикршуда баён намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Вернуться назад