Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Фестивали илмиву фарҳангии ҷавонони шаҳри Турсунзода ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуд

Фестивали илмиву фарҳангии ҷавонони шаҳри Турсунзода ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуд


12-05-2022, 09:57.

Дар шаҳри Турсунзода дар доираи моҳномаи ҷавонон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали илмиву фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Турсунзода Фахрия Бобоҷонзода, намояндагони прокуратура, суд, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов ба ҷавонони шаҳри Турсунзода ёддоштҳои худро аз ҷараёни иҷлосия нақл намуда, барои ҳомии сазовори марзу буми Ватан-Модар гаштану дар бунёдкорию созандагии мамлакат саҳм гузоштан маслиҳатҳои муфид дод.

Дар ҳамоиш намояндагони прокуратура ва суди шаҳри Турсунзода дар мавзӯъҳои «Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ» ва «Иҷлосия ва Истиқлол» маърӯзаҳо намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили адабии “Адибони ҷавон”-и назди бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр аз эҷодиёти адибони классик ва муосир шеърҳои ватандӯстонаву ҳикматомез қироат гардида, ҳунармандони театри “Оина” саҳнаҳои пандомез ба саҳна гузоштанд.

Дар фарҷом барои саҳми назаррас гузоштан дар тарбияи насли солиму ояндасоз ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ як гурӯҳ ҷавонони фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 Чопи саҳифа ✉ Равон кардан
Май 12, 2022 09:56
Вернуться назад