Главная > Навидҳо > Эҳтиёҷ ба муаллим дорем

Эҳтиёҷ ба муаллим дорем


5-10-2015, 13:21.
Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим таҳти шиори «Эҳтиёҷ ба муаллим дорем» таҷлил мешавад. Солҳои охир Рӯзи муаллим дар Тоҷикистон бо шаъну шавкати махсус таҷлил мегардад. Ин рӯз одатан дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ИДМ рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мешавад.

Рӯзи шанбеи гузашта дар бархе макотиби пойтахт чорабиниҳои ботантана роҳандозӣ шуда, иштирокдорони онҳо муаллимонро табрик намуда, онҳоеро ёдовар шуданд, ки чандин насли наврасро ба камол расонидаанд. Дар ин рӯз омӯзгорони беҳтарин бо ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

Рӯзи муаллим, ки соли 1994 чун Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим таъсис ёфта буд, ҳар сол 5 октябр дар беш аз 170 кишвар таҷлил гардида, иди касбии ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба шумор меравад.
Вернуться назад